Ба гузориши хабаргузории Абно, равобити умумӣи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард: чанд соат пеш, як парвонаи бесарнишини Lucas-и душмани таҷовузгари амрикоӣ, бар фарози ғарби Тангаи Ҳурмуз, аз ҷониби системаҳои дохилии қувваи мудофиаи ҳавоии артиш бо иқдоми бамавқеъ нобуд карда шуд.
Ҳамчунин дар амалиёти алоҳида, як парвонаи бесарнишини MQ-9-и душмани таҷовузгари амрикоӣ, аз ҷониби системаҳои дохилии қувваи мудофиаи ҳавоии артиш, дар осмони шарқи Тангаи Ҳурмуз мавриди зарб қарор гирифт ва нобуд карда шуд.
Ин ду амалиёт таҳти шабакаи ягонаи мудофиаи ҳавоии кишвар анҷом дода шудааст.
Your Comment